Дар Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили 81-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии бошукӯҳу тантанавии фарҳангӣ-маърифатӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Худоёров Фарҳод Табарович — муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоҳир — раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Орипов Шарифҷон — раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҳайати омӯзгорон, хонандагон ва дигар меҳмонони гиромӣ иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ маросими гулчанбаргузорӣ ба хотири гиромидошти қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардида, иштирокчиён бо эҳтирому арҷгузорӣ хотираи неки ҷанговаронро пос доштанд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Рӯзи Ғалаба ҳамчун рамзи ҷасорату матонат, ватандӯстиву садоқат ба миллат дар саҳифаҳои таърих ҷойгоҳи хос дошта, гиромидошти қаҳрамонон ва омӯзиши мактаби шуҷоати онҳо барои тарбияи насли наврас аҳамияти бузург дорад.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Дастаи ҳунарии «Ғунчаҳои умед»- и Муассиса барномаи муҳташами фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Хонандагон бо қироати шеърҳои ватандӯстона, иҷрои суруду таронаҳои солҳои ҷанг, саҳначаҳои тарбиявӣ ва намоишномаи театрӣ корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷассум намуда, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшиданд.
Ҳамчунин, намоиши гӯшаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва корҳои эҷодии хонандагон мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифта, ба истеъдоду маҳорати онҳо баҳои баланд дода шуд.
Чорабинӣ дар фазои эҳтиром ба таърих, гиромидошти хотираи қаҳрамонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса анҷом пазируфт.