ДУРАХШИ ДОНИШИ ХОНАНДАГОНИ ГИМНАЗИЯ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ GERIO-2026

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими бошукӯҳи истиқболи ғолибони Олимпиадаи байналмилалии “Great Eastern Renaissance” — GERIO–2026 баргузор гардид.

Хонандагони муассиса — Эмомов Исфандиёр, хонандаи синфи 11 ва Абдулҳамидзода Наргис, хонандаи синфи 10, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шарафи Тоҷикистони азиз ва муассисаи худро ҳимоя намуда, сазовори ҷойи III-и олимпиада гардиданд, бо рӯҳияи баланди ифтихор, кафкӯбиҳои гарму самимӣ ва эҳтироми хосса истиқбол гирифта шуданд.

Дар фазои тантанавӣ роҳбарият ва омӯзгорони муассиса дастоварди арзандаи хонандагонро намунаи равшани донишандӯзӣ, худшиносӣ ва масъулияти баланди ҷавонон арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин муваффақиятҳо нуфузи муассиса ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.

Ин дастоварди арзанда бори дигар собит сохт, ки хонандагони гимназия бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва иродаи қавӣ метавонанд дар сатҳи байналмилалӣ бо сари баланд Тоҷикистони азизро намояндагӣ намоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон барои иштироки фаъол ва натиҷаҳои назаррас изҳори сипос намуда, ба онҳо дар роҳи илму маърифат ва фатҳи қуллаҳои нави дониш комёбиҳои боз ҳам бештар таманно карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *