МУВАФФАҚИЯТИ ХОНАНДАИ ГИМНАЗИЯ ДАР ОЗМУНИ «ЗАБОН ДОНӢ — ҶАҲОН ДОНӢ»

Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи N1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» бо камоли эҳтиром ва ифтихор иттилоъ медиҳад, ки хонандаи синфи 8-и муассиса — Рузминшоева Амина дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» сазовори ҷойи II гардид.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати давлатии дастгирии рушди зеҳнӣ ва забондонии хонандагон баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати забонӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва дарёфти истеъдодҳои наврасон равона шудааст.

Маъмурияти гимназия ба ғолиб, волидайни ӯ ва омӯзгорони масъул барои дастгирӣ ва саҳми арзандаашон изҳори сипос намуда, ба хонандаи болаёқат дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *