ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАГОНИ INTERNATIONAL BANK OF TAJIKISTAN (IBT) ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар доираи баргузории Ҳафтаи саводнокии молиявӣ вохӯрии омӯзишӣ бо намояндагони Бонки байналмилалии Тоҷикистон (IBT) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур хонандагони синфҳои 11 иштирок намуда, доир ба мавзуъҳои муҳими соҳаи молия, аз ҷумла идоракунии дурусти маблағ, банақшагирии буҷети шахсӣ, фарҳанги қарзгирӣ ва истифодаи хизматрасониҳои муосири бонкӣ маълумоти муфассал гирифтанд.

Намояндагони бонк бо услуби муосир ва интерактивӣ баромад намуда, ба саволҳои хонандагон посухҳои мушаххас пешниҳод карданд. Ҳамзамон, аҳамияти саводнокии молиявӣ дар ҳаёти ҳаррӯза ва нақши он дар расидан ба муваффақияти шахсӣ таъкид гардид.

Бояд зикр кард, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ миёни хонандагон, дар муассиса барои синфҳои 11 фанни «Асосҳои иқтисодиёт» ба роҳ монда шудааст, ки он ба ташаккули донишҳои ибтидоии иқтисодӣ ва малакаҳои идоракунии захираҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

Роҳбарияти муассиса чунин ташаббусҳоро муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии иқтисодии хонандагон мусоидат мекунад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *