Дар Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» байни хонандагони синфҳои 3 «Б» ва 3 «Г» дарс — озмун дар мавзуи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» баргузор гардид. Дарс — озмун аз ҷониби омӯзгорон Абдуллоева Оламгул ва Шамсова Қирғизбегим дар фазои омӯзишии фаъол ва ҷолиб доир карда шуд.
Мавзуи дарс асосан ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳои дохили шаҳр равона гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳолатҳои хатарнок буд. Зимни машғулият хонандагон бо қоидаҳои асосии гузаштан аз роҳ, истифодаи дурусти гузаргоҳҳои пиёдагард, маънои чароғакҳои роҳнамо ва аломатҳои роҳ шинос гардиданд.
Дар ҷараёни дарс усулҳои интерактивӣ, саволу ҷавоб, бозии таълимӣ ва мисолҳои амалӣ истифода гардида, барои баланд бардоштани фаъолнокии хонандагон мусоидат намуд. Хонандагон бо шавқу рағбати зиёд иштирок намуда, дониш ва малакаҳои худро дар мавзуъ нишон доданд.
Маъмурияти муассиса баргузор намудани чунин дарсҳоро барои ташаккули фарҳанги бехатарии хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо муҳим арзёбӣ менамояд.
Дарси мазкур бо сатҳи баланди ташкил ва мазмуннокӣ баргузор гардида, ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои омӯзгорон хизмат менамояд.