21 июли соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Гузариш ба арзёбии ҷамъбастии ба салоҳиятҳо нигаронидашуда: аз озмоиш то татбиқи низом» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони соҳаи маориф, шарикони рушд, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, методистон ва омӯзгорон иштирок намуданд. Ҳадафи асосӣ баррасии масъалаҳои гузариш ба арзёбии ҷамъбастии ба салоҳиятҳо нигаронидашуда, такмили заминаҳои меъёриву методӣ ва муаррифии натиҷаҳои озмоиши маводи имтиҳонӣ аз фанҳои математика ва забони тоҷикӣ барои хонандагони синфи 5 буд.
Мизи мудавварро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, аҳаммияти арзёбии дуруст ва мутобиқ ба ҳадафҳои таҳсилоти салоҳиятмеҳварро таъкид кард. Сипас, намояндаи ЮНИСЕФ Н. Хосака ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Ш. Каримзода суханронӣ