21 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф табодул карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ин нахустин санади байниидоравӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад. Ин санад барои ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамкории минбаъдаи ду мамлакат дар соҳаи маориф аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар асоси ин санад рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳкими робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакат ва табодули донишҷӯён, омӯзгорон, профессорону муҳаққиқон бештар мегардад.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум конфронсҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмии муштарак доир менам