Бо мақсади анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» шанбегии навбатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Муҳаммадализода Парвина, дастаи «Патрули сабз», омӯзгорон ва кормандони муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Зимни шанбегӣ иштирокчиён ба тозаву озода намудани ҳудуди муассиса, ҷамъоварии партовҳо, сафедкунии дарахтон, ба тартиб даровардани гулу буттаҳо ва корҳои кабудизоркунӣ машғул гардиданд.
Муҳаммадализода Парвина зимни суҳбат бо иштирокчиён ташаббуси кормандон ва хонандагони фаъоли муассисаро намунаи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Дар фарҷом иштирокчиён омодагии худро барои иштироки фаъолона дар корҳои минбаъдаи ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассиса ва саҳмгузорӣ дар истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳор намуданд.