Хонандагони МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ миёни кӯдакону наврасон баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯи чанд шарт донишу малакаи худро ба намоиш гузоштанд.
Дастаи гимназия дар иҷрои шартҳои озмун фаъолона иштирок намуда, маҳорати хуби худро дар донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, танзими ҳаракат ва фарҳанги роҳнамоӣ нишон доданд.
Роҳбарияти муассиса дастоварди хонандагонро натиҷаи омодагии хуб, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳнати омӯзгорону иштирокчиён арзёбӣ намуда, ба онҳо барои иштироки арзанда изҳори сипос намуд.