Имрӯз, бахшида ба рӯзи зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, дар Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” мизи мудаввари адабӣ таҳти унвони «Лоиқ Шералӣ — таронасарои рӯҳи миллат» бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба осори безаволи шоир, тарғиби фарҳангу адабиёти миллӣ ва бедор намудани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ дар ниҳоди хонандагон роҳандозӣ шуд.
Дар рафти мизи мудаввар омӯзгорону хонандагон доир ба зиндагӣ, фаъолияти пурбори эҷодӣ ва нақши Лоиқ Шералӣ дар эҳёи андешаи миллӣ ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки ашъори шоир оинаи рӯҳи миллат буда, дар он меҳри Ватан, садоқат ба забон ва ифтихор аз фарҳанги тоҷик бо ҳисси баланд таҷассум ёфтааст.
Хонандагон аз шеърҳои машҳури Лоиқ Шералӣ порчаҳо қироат намуда, бо маҳорати баланд мазмуну муҳтавои онҳоро шарҳу тавзеҳ доданд. Фазои чорабинӣ саршор аз эҳсоси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба адабиёти тоҷик буд.
Дар фарҷом иштирокчиён иброз доштанд, ки мероси адабии Лоиқ Шералӣ барои насли имрӯз ва фардо ҳамчун чароғи маърифат хизмат намуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, забон ва арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд.