МУВАФФАҚИЯТИ ОМӮЗГОРИ МДТ «ГИМНАЗИЯИ №1 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» ДАР МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Санаҳои 20-21 майи соли 2026 Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук миёни калонсолон (мардон ва бонувон) бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чемпионати мазкур омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» Шокиров Аминҷон дар давидан ба масофаи 800 метр иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ҳамзамон, ӯ санаи 23 май дар мусобиқаи байналмилалии “On Run” дар давидан ба масофаи 10 километр иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар фарҷоми мусобиқаҳо ғолибон ва ҷоизадорон бо медал ва диплом қадрдонӣ карда шуданд.

Коллективи муассиса Шокиров Аминҷонро бо ин дастовардҳои варзишӣ табрик намуда, барояш муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *