Санаҳои 5-6 июни соли 2026 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Боиси сарфарозист, ки хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла, Воҳидова Тахмина, хонандаи синфи 5, дар номинатсияи «Шеъри беҳтарин» сазовори Дипломи дараҷаи III ва Замонзода Марям, хонандаи синфи 10, дар номинатсияи «Ҳикояи беҳтарин» сазовори Дипломи дараҷаи II гардиданд.
Ҳамчунин, Ҷабборова Дилноза, хонандаи синфи 11 «Б», дар номинатсияи «Расми беҳтарин», Ҷалилова Марҳабо, хонандаи синфи 7, дар номинатсияи «Ҳикояи беҳтарин», Ахмедова Нурона ва Исматова Ибодат, хонандагони синфи 6, дар номинатсияи «Шеъри беҳтарин» бо Ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ғолибон дар фазои тантанавӣ бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маъмурияти гимназия ҳамаи ғолибонро бо ин дастоварди арзанда табрик намуда, ба онҳо дар роҳи таҳсил, эҷодкорӣ ва ҳифзи муҳити зист комёбиҳои бештар орзу менамояд