Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии конференсияи «Ҷамъияти илмӣ-эҷодӣ» ва озмуни «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба хонандагони фаъолу болаёқат барои дастовардҳои назаррасашон дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Аз ҷумла, хонандагони МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» ба натиҷаҳои зерин ноил гардида, қадрдонӣ шуданд:
Эмомов Исфандиёр — соҳиби ҷойи I аз бахши «Таърих ва археология»;
Ҳамроқулов Парвиз — соҳиби ҷойи I аз бахши «Биология (экологияи амалӣ)»;
Рӯзминшоева Амина — ҷойи II дар озмуни шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ».
Муваффақиятҳои мазкур нишони дониш, ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти таҳқиқотӣ ва заҳмати пайвастаи хонандагон буда, мояи ифтихори муассиса мебошанд.
Маъмурияти гимназия ғолибонро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, дар роҳи фатҳи қуллаҳои нави илму дониш ва муваффақиятҳои минбаъда барору комёбиҳо орзу менамояд.