Хонандагони МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар намоиши шаҳрии «Илм ва амал», ки дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” баргузор гардид, иштироки фаъолона намуданд.
Дар рафти намоиш хонандагони гимназия лоиҳаҳои инноватсионӣ, корҳои эҷодӣ ва ихтироъкории худро муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи меҳмонон ва иштирокчиёнро ба худ ҷалб карданд.
Қайд гардид, ки чунин намоишҳо барои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, ташаккули малакаҳои эҷодиву амалӣ ва баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир мусоидат менамоянд.