Муассисаи мо

ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳри Хуҷанд

Ба таъсисёбии Гимназияи № 1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳри Хуҷанд 93 сол мешавад. Аз ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ бармеояд, ки бинои мактаби мазкур соли 1918 ҳамчун мактаби таҷрибавии меҳнатӣ бунёд карда шуда «Комуна» ном дошт. Моҳи августи соли 1924 дар паҳлӯи мактаби «Комуна» як бинои нави мактаб ба тариқи ҳашар бо сарварии устоди машҳури Хуҷанд Абдуллохоҷаи Ёқубхоҷа ба истифода дода шуд. Бинои гимназия соли 1924 ба 570 нафар хонандагон сохта, ба истифода дода шуд. Ба мактаб номи маорифпарвари пешкадам Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дода шуд ва яке аз таргибгарони илму маърифат Ҳоҷихон Умаров сарвари он таъин гардид. Соли 1937 ба мактаб ба муносибати 200 солагии шоири бузурги халқи рус А.С.Пушкин дода шуд. Мактаби ба номи А.С.Пушкини шаҳри Хуҷанд бо шогирдони сазовори шоистааш маълуму машҳур аст. Боиси ифтихору шарафмандист, ки ходимони бузургӣ давлатнӣ ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ академикон Бобоҷонов Ғафуров, Солеҳ Раҷабов, котиби якуми Ҳизби Комунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, профессорон Муҳаммадхоҷа Бобохоҷаев, Кибриё Ҳасанова ва бисёр дигарон дастпарварони ҳамин мактаб мебошанд.

Соли 1992 ба мактаб номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ баргардонида шуд. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд №645 аз 06.09.2002 сол мақоми гимназиро соҳиб шуд. Гимназия аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ фаъолият мебарад, яъне ба омӯзидши фанҳои забону адабиёт, забонҳои русию аиглисӣ. таъриху ҳуқуқ диққати бештар дода мешавад. Айни замон дар гимназия 1334 нафар хонандагон дар ду баст, дар 20 синфхона тахсил менамояд. Дар солҳои минбаъд бо баназаргирии муваффақиятҳо теъдоди хонандагон ба синфҳо торафт меафзояд. Махсусан, муваффақиятҳои гимназия дар «Академияи хурди илмҳо», «Техникони наврас», Олимпиадаи фаннии хонандагон дар шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ хеле назаррас мебошад. Соли 2005 хонандаи синфи 11 Мутаходчаев Амирхон аз фанни биологня то ҷумҳури дар олимпиада иштирок карда бо роҳхати Вазири моарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи тиббя дохил шуд. Худи хамин сол хонандагони синфи 11 Амонова Манижа аз фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ соли 2009 Шавкатзода Манзура аз фанни забон ва адбиети тоҷик, Дадоҷонов Фирдавс аз фанни забони англиси, Шоҳмуродов Самандар аз фанни биология дар олимлиадаи Ҷумҳуриявӣ иштирок карда ҷоиҳои намоёнро ишғол карданд- Солҳои 2013-2016 Қаҳҳоров Баҳром. Ваҳидова Дилфуза, Аминзод Абдураҳим, Тошматов Сӯҳроб, Алиева Азиза, Шоҳраҷабов Некрӯз, Ҳомилов Мирзобахтиёр, Авезова Шаҳноза, Таввакалзода Исломиддин ва даҳҳо дигарон дар олимлиадаҳо ва Аадемияи хурди илмҳо то Ҷумҳурӣ иштирок карда унвони аъзо - мухбири ҷумҳурияви гаштанд. Аз ҷумла хонандагони гимназия даҳҳо омӯзгорони матабҳои олӣ, муҳандисону бинокорон, рӯзноманигорону духтурон, сарварони корҳонаву ташкилотҳо ба камол расида, дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии ҳалқи кишвари азизамон саҳми муносиб мегузорнад.

Дар гимназия 60 нафар омузгорон фаъолият мебаранд аз инҳо занҳо 52 нафар мардҳо 8 нафар ҳамкор 6 нафар

24 нафар бо тахасуси олӣ
9 нафар бо тахасуси якум
13 нафар бо тахасуси дуюм
14 нафар бе тахасус

Соли 2010 дар саҳни ҳавлии гимназия ба хотири омузгорони аввалини рус Санги ёдгорӣ гоузошта шуд. Соли 2013 бо дастгирии Иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба Гимназия толори варзиши бахшида ба 90 солагии гимназия сохта ба истифода дода шуд. Соли 2015 толори машварати (мачлисгоҳ) пура аз таъмир бароварда шуда ба истифода дода шуд.

Ду соли охир хатмунандагони гимназия ба тариқи ММТ ба донишгоҳҳои олӣ 100% дохил шуда тақрибан 35% онҳо дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Соли ҷорӣ 54 нафар хатмкунандагони гимназия ба донишгоҳи олӣ дохил шуда зиёда аз 20 нафар ба давлати хориҷа таҳсил карда истодаанд. Имрӯз дабистони мазкур яке аз муассисаҳои таълимӣ пешқадами миқеси шаҳри Хуҷанду вилояти Сугд мебошад. Алҳол дар гимназня 1334 нафар хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд.

Суроға: Ленина 6а
Тел: 4-07-77

15 толибилми беҳтарин

  1. 1)Ходихучаева Шукронахон - 470(хол)
  2. 2)Муллочонова Шукрона - 468(хол)
  3. 3)Бобоев Фирдавс - 454(хол)
  4. 4)Файзиев Шахриёр - 453(хол)
  5. 5)Юсупова Нозанин - 448(хол)
  6. 6)Ҳайдарова Сарвинозхон - 432(хол)
  7. 7)Юсуфбеков Исломбек - 428(хол)
  8. 8)Ашрапова Мехрангез - 428(хол)
  9. 9)Вохидова Шукронахон - 424(хол)
  10. 10)Мирзобобоева Самияхон - 415(хол)
  11. 11)Рахмонова Рухшона - 414(хол)
  12. 12)Мирзоева Аминахон - 408(хол)
  13. 13)Гафуров Мухаммадамин - 406(хол)
  14. 14)Эрматов Хусрав - 402(хол)
  15. 15)Ёдгорова Шукрона - 400(хол)